ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , идораи кулли ахбор ва умури сухангӯии вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе нишону парчами нави ин вазоратхонаро мунташир кард .
Нишони вазорати хориҷаи Эрон баргирифта аз нишони Ҷумҳурии исломӣ ё ҳамон " Аллоҳ " ва бар асоси ситораи ҳаштпари исломӣ аст, ки дар тарҳҳо ва нақшҳои тазйинии исломӣ корбурди фаровон дорад.
Вазорати умури хориҷаи Эрон нахустин вазоратхона дар Эрон аст, ки дар соли 1200 хуршедии баробар бо 1821 милодӣ таъсис шуд .
Дар ибтидо ин вазоратхонаро созмони умури хориҷӣ ё дафтархонаи ғурабо меномиданд.
342/